Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Осори Пикассо аз музеи Порис рабуда шудааст


Пулиси Порис мегӯяд, бастае, ки дар он бештар аз 30 асари наққошии Пабло Пикассо маҳфуз буд, аз як музей дар пойтахти Фаронса рабуда шудааст. Арзиши тақрибии ин баста ё китоб ҳудудан 8 миллион евро тахмин зада мешавад. Пулис гуфтааст, ин дуздӣ рӯзи сешанбе ошкор шудааст, вале вақти дақиқ ва роҳҳои дуздии ин осор то ҳол рӯшан нест. Дар гузоришҳо омадааст, ба эҳтимоли зиёд ин китоб аз ҷаъбаи намоишии шишаӣ бардошта шудааст ва нишонаҳое аз шикастани он ё ба кор даромадани занги хатар мушоҳида нашудааст. Ин осори наққошӣ ба солҳои 1917 то 1924 тааллуқ дошт.
XS
SM
MD
LG