Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баъди боздиди Медведев афсари полис кушта шуд


Як афсари полиси неруҳои зубдаи Русия ҳангоми базгашт ба хонааш дар Махачқалъа-маркази Доғистон ҳадафи тири афроди номаълум қарор гирифтааст. Ин ҳодиса баъд аз чанд соати боздиди Дмитрий Медведев-раиси ҷумҳури Русия аз як пойгоҳи низомӣ дар ин минтақа рух додааст. Медведев ҳангоми боздид аз пойгоҳ хитоб ба афсарони ФСБ гуфт:

"Мо имрӯз ин омадем, ҳамаи аъзои Шӯрои Амнияти Федератсияи Русия, то дар бораи терроризм ва вазъи ҷиноӣ, ки мутаассифона дар минтақаи Қафқоз вуҷуд дорад, бо шумо сӯҳбат кунем".

Дмитрий Медведев ғайримунтазира аз Махачқалъа боздид кард. Боздиди вай аз поёни хушунатҳои тақрибан ҳаррӯза дар ин минтақа гувоҳӣ медод. Ҳафтае пеш вазири умури дохилии Доғистон дар як ҳамла кушта шуд.
XS
SM
MD
LG