Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Инфиҷори маргбор дар Пешовари Покистон


Мақомоти Покистон мегӯянд, ки дар натиҷаи инфиҷори баме дар назди меҳмонсарои муҷаллали шаҳри Пешовар дастикам 11 нафар кушта, шумораи зиёди одамон маҷрӯҳ шудаанд. Пулис гуфтааст, ин бам дар назди меҳмонсарои панҷситораи Перл Континентал мунфаҷир шудааст. Дар ин меҳмонсаро бештар хориҷиён ва рӯзноманигорону дипломатҳо иқомат мекунанд. Баъзе гузоришҳо ба он ишора мекунанд, ки қабл аз инфиҷор мардони мусаллаҳ ба баъзе аз қисматҳои меҳмонсаро ҳамла бурдаанд. Баъд аз оғози амалиёти зидди шӯришиёни Толибон дар водии Свот дар Покистон чанд инфиҷор рух додааст.
XS
SM
MD
LG