Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат шомил нахоҳад шуд


Русия, Белорус ва Қазоқистон мехоҳанд музокирот бо Созмони ҷаҳонии тиҷорат дар мавриди ба ин ниҳод шомил шудани Иттиҳоди ягонаи гумрукиро шурӯъ кунанд. Дар ин бора сарвазири Русия Владимир Путин баъд аз мулоқот бо ҳамтоҳои белорус ва қазоқаш дар Маскав хабар дод. Ӯ ҳамчунин гуфт, ки музокирот оид ба вуруди кишварҳои ҷудогона, аз ҷумла, Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат қатъ карда хоҳад шуд.
Аз ин пеш дар нишасти Созмони ҳамкориҳои АвроОсиё Путин изҳор намуд, ки даромади мардуми кишвараш назар ба як соли пеш як дар сад коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи ӯ, аз ин баъд дар кишвар бекорӣ афзоиш нахоҳад ёфт. Айни ҳол, ба гуфтаи сарвазири Русия, 7,7 миллион сокини кишвар бекоранд.
XS
SM
MD
LG