Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурофиаи Ғайлонӣ дар додгоҳи Ню-Йорк мегузарад


Нахустин гумонбари терроризм аз маҳбаси пойгоҳи низомии Гуантанамо ба ИМА интиқол дода шуд. Сокини Танзания Аҳмад Халфон Ғайлонӣ дар додгоҳи Ню-Йорк бо иттиҳоми даст доштанаш дар таркишҳо дар сафоратҳои Амрико дар қораи Африқо дар соли 1998 мавриди бозпурсӣ қарор мегирад. Ғайлонӣ соли 2004 дар Покистон боздошт шуда, баъд аз ду сол ба Гуантанамо интиқол ёфта буд.
Мурофиаи додгоҳии Ғайлонӣ чун як навъ имтиҳон ё озмоиши тарҳи раисиҷумҳури Амрико Барак Обама барои бастани маҳбаси пойгоҳи Гуантанамо арзёбӣ мешавад. Қарор аст ҷурми бархе аз боздоштшудагон аз сӯи додгоҳҳои Амрико муқаррар гардад.
XS
SM
MD
LG