Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеи Бишкек дар баҳси оби Осиёи Марказӣ


Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон
Игор Чудинов, нахуствазири Қирғизистон

Мақомоти Қирғизистон бори нахуст мавқеи худро дар мавриди мушкилоти обу барқи Осиёи Марказӣ ошкоро баён карданд.

Ба гуфтаи Игор Чудинов, нахуствазири ин кишвар, Қирғизистон омодааст, дар ин маврид бо мақомоти давлатҳои ҳамҷавор вориди гуфтушунидҳои баробарҳуқуқ шавад.

Нахуствазири Қирғизистон гуфт, вай бар ин назар аст, ки мушкилоти обу барқ на тавассути чопи мақолаҳо дар саҳифаҳои рӯзномаҳо ва сомонаҳои интернетӣ, балки гирди мизи музокира ҳаллу фасл мешавад. Ба гуфтаи Игор Чудинов дар нишасте, ки масъалаҳои обу барқ баррасӣ шуд, аз ҷониби Ӯзбакистон касе ширкат нанамуд.

Нахуствазир таъкид кард, ки кишварҳои ҳамҷавори Қирғизистон бояд дар танзими оби рӯдхонаҳои кишварҳои болооб ширкат кунанд. Оқои Чудинов гуфт, вале фасли сармо Қирғизистон ба манзури захира кардани оби рӯдхонаҳояш маблағҳои зиёд харҷ мекунад. Вай гуфт, ки бояд ин маблағҳо аз тарафи кишварҳои фаромарзӣ ҷуброн шавад.

Игор Чудинов тазаккур дод, ки ҳамсоякишварҳои Қирғизистон то ин замон аз ин захираҳои об миқдори мавриди ниёзи худро мегирифтанд, аммо дар ин авохир захираи оби сарбанди Тухтагул ба 50 метр поин фаромад.

Гуфта шуд, ки Қирғизистон дар фасли сармо иҷборан пеши оби сарбанди Тухтагулро мекушод, то ки нерӯи барқ тавлид кунад ва шаҳрвандони худро бо гармӣ таъмин намояд. Вай афзуд, аммо дар фасли тобистон пеши оби сарбандро ба хотири обёрии кишти зироати кишварҳои фаромарзӣ мекушояд.

Бино ба суханони нахуствазири Қирғизистон, мақомоти кишварҳои ҳамҷавор дар мавриди ҳимояи манофеи кишвараш ихтилоф доранд, ки бо бунёди нерӯгоҳҳои барқи ҷадид оби рӯдхонаҳои худро барои онҳо низ захира хоҳад кард.

Ба гуфтаи коршиносон, Тоҷикистон низ бояд ба ин мавқеъгирии Қирғизистон пайравӣ намояд. Гуфта мешавад, мардуми зиёд дар Тоҷикистон фасли сармо бидуни барқ монд. Коршиносон мегӯянд, дар баъзе минтақаҳои ин кишвар фақат барои як-ду соат барқ дода мешуд, ки аҳволи ногувори марумро ба бумбасти хеле ҷиддӣ мувоҷеҳ намуд.

Дар ҳамин ҳол Дуйшен Мамадхонов, як коршиноси масоили обу барқ ба радиои Озодӣ гуфт, ки дар натиҷаи тағйири иқлим захираҳои аз меъёр бештари оби рӯдхонаҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Вай афзуд, ки дар хушкшавии дарёи Арал, ки Қазоқистон ва Ӯзбакистон ҳамеша дар ин маврид бонги изтироб мезананд, Қирғизистон ва Тоҷикистон гуноҳ надоранд.

Ба гуфтаи ин коршиноси қирғиз, Тоҷикистон ва Қирғизистон аз тарафи кишварҳои ҳамҷавори он таҷовузкорони оби минтақа муаррифӣ шудаанд, ки ҳаргиз дуруст нест.

Ба қавли Валентина Қосимова, коршиноси дигари қирғиз, нерӯгоҳҳои барқи Қирғизистон ва Тоҷикистон ба манзури он бунёд шудаанд, ки ҳам барқ тавлид кунанд ва ҳам барои кишварҳои фаромарзӣ об захира намоянд.

Аммо Ҷамол Тилавбердиев, раиси Иттиҳодияи иҷтимоии барқ, мақараш дар Бишкек, мегӯяд, ки оби захиракардаи обанбори Тухтагул ба манфиати кишварҳои фаромарзӣ хидмати шоиста анҷом медиҳад. Ба гуфтаи Ҷамол Тилавбердиев, Қазоқистон ва Ӯзбакистон захираҳои оби обанбори Тухтагулро хеле босамар истифода мекунанд, вале онҳо манфиатҳои молии Қирғизистонро аз мадди назар дур мегузоранд, ки ин масъала таҷдиди назар мехоҳад.
XS
SM
MD
LG