Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Посгоҳи нави марзии Ӯзбакистон зидди аҳли як деҳа


Марзбони Узбакистон (Акс аз бойгонӣ)

Марзбони Узбакистон (Акс аз бойгонӣ)

Бо таъсиси он марзбонони кишвари ҳамсоя аҳли як деҳаи Конибодомро аз заминҳояшон ҷудо кардаанд.

Гурӯҳе аз сокинони деҳаи Равоти ноҳияи Конибодом, беш аз 50 хонавода, ҳаммарз бо ноҳияи Бешариқи Узбакистон дар субҳи рӯзи сешанбеи 9 –и июн ба дафтари радиои "Озодӣ" дар Хуҷанд занг зада, шикоят карданд, ки марзбонони узбак ахиран барои ворид шудани онҳо ба заминҳои кишташон монеъ мешаванд.

Ба гуфтаи онҳо, заминҳояшон, беш аз 60 гектар дар канори деҳа, дар минтақаи байнимарзӣ воқеъ шудааст, вале марзбонони Узбакистон
Он ҷо зардолузор дорем, 53 оила бо курпаю ҷо шабхобрав рафта, ҳосили онро ҷамъ оваранд, гандум дараванд...
дар пеши он хандақ кандаву посбон гузошта, намегузоранд шаҳрвандони Тоҷикистон озодона ва бемамониат ба заминҳои худ ворид гарданд.

Ҳанифа Юсуфова – раиси ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом, ки деҳаи Равот ба ҳудуди он дохил мешавад, дар шарҳи ин мушкил чунин гуфт : «Дар тарафи Узбакистон 58 гектар замини мо ҳаст, ки падару бобоёнамон дар он ҷо кор мекарданд. Акнун 17 сол боз, аз бози соҳибистиқлол гаштани Тоҷикистону Узбакистон дар он ҷо мушкил ҳаст. Баъди он ки узбакҳо он ҷо сарҳадбонҳо ва гумрукиёни худро гузоштанд. Ҳозир сарҳадбонони Узбакистон мегӯянд, ки фақат аз гузаргоҳи расмӣ ба заминҳоятон гузаред. Барои ин сокинони Равот бояд чанд километр роҳро тай карда, ба заминҳои назди хонаҳояшон гузаранд. Барои ҳар гузаштан асноди расмӣ пур кардан талаб мекунанд. Вале ба гузаронидани техникаву ароба ва дигар чизҳо иҷозат намедиҳанд. Барои гузаронидани техника гирифтани визаро ба маблағи 112 доллар талаб мекунанд…»

Юсуфова афзуд, дар чунин аҳвол сокинони деҳаи Равот дар истифода аз заминҳои худ дучори душвориҳо гаштаанд: «Он ҷо зардолузор дорем, 53 оила бо курпаю ҷо шабхобрав рафта, ҳосили онро ҷамъ оваранд, гандум дараванд. Лекин сарҳадбонҳои Узбакистон мегӯянд, ки рӯзона соати 8 – и пагоҳӣ худат мегузарӣ, 7 – и бегоҳӣ мебароӣ. Ғайр аз ин шир гузаронанд, шир талаб мекунанд, зардолу гузаронанд, зардолу. Боз ҳар бор ҳуҷҷат пур кун, гуфта, халқро азоб медиҳанд.»

Деҳаи Равот бо 5 000 нафар сокин яке аз деҳоти ҷамоати Пӯлодони ноҳияи Конибодом аст, ки дар минтақаи байнимарии Тоҷикистону Узбакистон воқеъ шудааст.

Чанд тан аз сокинони он ҳам дар суҳбат бо радиои "Озодӣ" дар Хуҷанд мушкилоти марзии худро бозгӯ карданд.

Яке аз онҳо, ки худро Маъруф Муҳаммадов – соҳиби қитъае аз замини баҳснок муаррифӣ намуд, гуфт, аз он бим дорад, ки замони марзбандӣ заминаш ба ҷониби Узбакистон гузашта, аз даст хоҳад рафт.

Вай афзуд, дар ҳоле сӯҳбат мекунад, ки дар наздаш марзбонҳои мусаллаҳи узбак ҳузур доранд ва даҳҳо сокинони Равот чанд рӯз инҷониб ҷиҳати додхоҳӣ аз онҳо ба минтақаи наздимарзӣ гирд омадаанд, вале то ҳол аз ин иқдом натиҷае ҳосил нашудааст.

Рустам Қодиров – муовини аввали раиси ҳукумати шаҳри Конибодом дар деҳаи Равот пурра огаҳӣ дорад. Вай афзуд, ки дар ин бора Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ҳукумати вилояти Суғд, сафири Тоҷикистон дар Тошканд ва дигар мақомҳои масъулро дар ҷараён гузоштаанд, аммо мушкили замини марзӣ ҳамчунон ҳалношуда боқӣ мондааст.

Мақомоти давлатии Конибодом бар инанд, ки масълаи ин минтақаи баҳсноки марзӣ зимни марзбандӣ миёни давлатҳои Тоҷикистону Узбакистон ҳалли худро хоҳад ёфт. Ба гуфтаи коршиносон, дар вилояти Суғд чунин мавзеъҳои баҳсбарангези марзӣ дар чанд минтақаи миёнмарзии кишварҳои мазкур вуҷуд дорад.

Вилоят Суғди Тоҷикистон бо Узбакистон ҳудуди 900 километр марз дорад, ки як қисми он то ҳол аз ҷониби ин ду давлат муайян нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG