Пайвандҳои дастрасӣ

Хиёбонҳои пуриздиҳоми интихоботи Эрон


Яке аз тарафдорони Мирҳусейни Мусавӣ дар тазоҳурот, 8 июни соли 2009.

Яке аз тарафдорони Мирҳусейни Мусавӣ дар тазоҳурот, 8 июни соли 2009.

То интихоботи президентии Эрон рӯзҳои башумор мемонад ва ҳаяҷони раъйдиҳандагон дар ростои 12-уми июн ба авҷи худ мерасад.

Пас аз як таназзул ислоҳотхоҳони Эрон гӯё дубора ба саҳна баргаштаанд ва тарафдорони номзади онҳо Мирҳусейни Мусавӣ шаби гузашта низ ба хиёбонҳо рехта, худро дар муқобили тарафдорони президенти феълӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод қарор доданд, ки калонтарин масҷиди Теҳронро пур карда буданд.

Раъйдиҳандагон рӯзи ҷумъа сухани охири худро хоҳанд гуфт ва президенти нави кишварро муайян хоҳанд кард. Ва дар ҳоле ки то ин вақт кӯчаҳо дар ихтиёри тарафдорони президенти феълӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод буд, акнун зоҳиран тарафдорони рақиби ӯ -- Мирҳусейни Мусавӣ саҳнаро ба даст мегиранд.

Онҳо бо теъдоде ба майдон баромаданд, ки мислаш дида нашуда буд. Занҷири одамие, ки онҳо сохтанд, тамоми тӯли ҷодаи асосии пойтахти Эрон, аз шимол то ҷанубро пур кард. Ислоҳотхоҳон бар зидди Аҳмадинажод шиор мезаданд ва хитобаи бузурге дар даст доштанд, ки рӯяш "дурӯғ гуноҳ аст!" навишта шуда буд.

Ин намоиш тазоҳуроти посухии тарафдорони Аҳмадинажодро ба амал овард. Ду гирдиҳамоии осоишта, аммо ҳарифона ҳаракати
нақлиётро дар шаҳр боздошт. Дар як хиёбон шиорзанандагони мухолиф рӯбарӯи ҳам омаданд, аммо аз даргирӣ парҳез карда, бо шиорҳо ва афшондани парчамҳои хеш ба ҳамдигар таҳдид намуданд.

Дар якҷоягӣ ин ду гирдиҳамоӣ бузургтарин таҷаммӯи издиҳом дар Теҳронро ба вуҷуд овард. Охирин бор ин теъдод инсон дар кӯчаву хиёбонҳо Теҳрон дар соли 1979 дида шудааст. Он вақт нерӯи кӯча ба инқилоби исломие кашид, ки шоҳи Эронро барканор кард ва низоми сиёсии ин кишварро тағйир дод.

Шоҳидони вазъ бар инанд, ки дар хиёбонҳои Теҳрон тарафдорони номзадҳои ислоҳотхоҳ, собиқ сарвазир Мусавӣ ва собиқ раиси порлумон Маҳдии Каррубӣ аксариятро ташкил медиҳанд. Зеро шаҳриён ва ҷавонон бештар аз онҳо пуштибонӣ мекунанд.

Мусавӣ ва Каррбуӣ президент Аҳмадинажодро танқид мекунанд, ки иқтисодиётро ба вайронӣ расонд ва даромади ҳангуфти нафти Эронро ба бод дод. Номзадҳои ислоҳотхоҳ барномаи худро бар пояи эҳё ва рушди иқтисодиёт сохта, ваъда медиҳанд, ки иҷрои он ба афзоиши даромади мардум мусоидат мекунад.

Вале маҳбубияти Аҳмадинажод дар деҳоти Эрон ва қишрҳои камбизоат дар пояи баланд боқӣ мемонад. Вай ба онҳо ваъда медиҳад, иқтисодиёти феълии кишвар метавонад, тақсими одилонатари сарватҳоро ба вуҷуд орад.

Аҳмадинажод ба гӯшаҳои кишвар сафар мекунад ва маблағҳои бузургеро барои бенавоён хайр мекунад. Вай ҳамчунин таъкид мекунад, ки аз хонаводаи одист ва технократҳоро бад мебинад.

Аҳмадинажод танҳо як рақиби муҳофизакор дорад, ки раҳбари пешини Сипоҳи посдорони инқилоб, Мӯҳсини Ризоист, вале ба андозае маъруф нест, ки битавонад Аҳмадинажодро шикаст диҳад.

Тазоҳуроти тарафдорони президенти феълӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод, Теҳрон, 8 июни соли 2009
Ба хиёбонҳо рехтани ислоҳотхоҳон як талоши ҷалби раъйи онҳоест, ки ҳанӯз ба як фикр наомадаанд. Эҳтимоли ин меравад, ки то рӯзи интихобот чунин гирдиҳамоиҳои дутарафа бештар хоҳад шуд. Раҳбари олии Эрон, оятуллоҳ Хоманаӣ ҳушдор додааст, ки набояд миёни тарафдорони номзадҳо рӯёрӯӣ ё даргирӣ ба амал ояд.

Интихоботи президентӣ дар Эрон замоне баргузор мешавад, ки кишвар бо барномаи ҳастаияш зери фишори байнулмилалист ва Ғарб Теҳронро дар талоши даст ёфтан ба аслиҳаи ҳастаӣ айбдор мекунад.

Аҳмадинажод шадидан дар муқобили ин фишорҳо истодааст ва Иёлоти Муттаҳидаву Исроилро пайваста ҳадафи танқид қарор медиҳад.

Рақибони ислоҳотхоҳи ӯ низ аз барномаи ҳастаии Эрон ҳимоят мекунанд, аммо Аҳмадинажодро сабабгори беҳуда дар муҳосира мондани кишвар мешуморанд.

Тарафдорони Мусавӣ мегӯянд, дар масъалаҳои умда як сабки воқеъбинонатари президентӣ зарур аст, монанди гуфтушуниди эҳтимолӣ бо Вошингтон, аммо бе тахриби манофеъи миллии худ.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG