Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Донишҷӯёни тоҷик дар Лондон гирдиҳамоӣ хоҳанд кард


Гурӯҳи донишҷӯёни тоҷики макотиби олии Бритониё ба нишони эътироз аз ҳамлаҳои нажодпарастони рус ба муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ дар Русия дар назди сафорати Русия дар Лондон гирдиҳамоӣ хоҳанд кард. Дар номае, ки донишҷӯёни эътирозгар унвонии расонаҳои хабарӣ ирсол кардаанд, гуфта мешавад, ки "дар Русия ҳодисаҳои ҳамлаи гурӯҳҳои нажодпараст ба муҳоҷирони корӣ ва донишҷӯёни хориҷӣ торафт бештар рух медиҳад ва ҳамзамон бетафовутии ҷомеаи ин кишвар боиси тавсеаи ин раванд мегардад".
Донишҷӯёни тоҷик аз он изҳори нигаронӣ кардаанд, ки дар Русия аз ҳама бештар муҳоҷирони кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ҳадафи ҳамлаҳои гурӯҳҳои нажодпараст ва мавриди фишору тазйиқ аз сӯи пулис ва корфармоён қарор мегиранд.
XS
SM
MD
LG