Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳалокати як тифл аз инфиҷори норинҷак дар Кунар


Дар вилояти Кунар, воқеъ дар шимолу шарқи Афғонистон, бар асари таркиши норинҷак як тифл кушта шуда, тақрибан 50 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардоштанд. Абдулҷалол Ҷалол, раиси полиси вилояти Кунар хабар дод, ки як шахси ношинос ба издиҳоми мардум дар маркази устон - шаҳри Асадобод дар ҳоле норинҷак андохт, ки корвони мошинҳои нерӯҳои амрикоӣ аз ин мавзеъ убур мекард.
Ва аммо шоҳидони ҳодиса мегӯянд, норинҷакро як сарбози амрикоӣ баъди ба иллати техникӣ бозистодани корвон партоб кардааст. Ҳадс зада мешавад, низомиён шояд иштибоҳан гумон кардаанд, ки мардум ба онҳо ҳамла карданианд. Ҳайати фармондеҳии амрикоӣ иттилоъ дод, ки тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG