Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати ангиштканон бар асари ихроҷи газ


Бар асари ихроҷи газ дар кони ангишти ба номи Скачинский, воқеъ дар вилояти Донетски Украина, шаш нафар ба ҳалокат расида, 30 тани дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Сарнавишти ҳафт ангишткан то ҳанӯз маълум нест. Ба иттилоъи хабарнигори Радиои Озодӣ, ҷустуҷӯи ангиштканҳои дар кон боқимонда ба далели хатари инфиҷор мавқуф гузошта шудааст.
Дар ин кон дар жарфои 1200 метр 51 нафар кор мекарданд ва ба бештари онҳо муяссар шуд, ки ҷойи ҳодисаро тарк намоянд. Тафтиши сабабҳои ҳодиса шурӯъ шудааст.
XS
SM
MD
LG