Пайвандҳои дастрасӣ

Ихроҷи як шаҳрванди Эрон аз Канада


Мақомоти Канада як узви Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эронро барои даст доштан дар ҷиноёт алайҳи башарият аз кишвар ихроҷ карданд. Сайид Аминҳусейни Анорӣ баъди он берун карда шуд, ки додгоҳи кишвар дархости ӯ барои идомаи иқомат дар Канадаро рад намуд. Анорӣ дархости худро бо он далел марбут карда буд, ки дар сурати бозгашт ба ватан мавриди шиканҷа қарор мегирад ваё шояд эъдом мешавад.
Додгоҳи Канада эълом дошт, ки Анорӣ таҳти ҳимояти барномаи дифоъ аз паноҳандагон қарор надорад. Сайид Аминҳусейни Анорӣ аз соли 2004 ба ин сӯ дар Канада ба сар мебурд.
XS
SM
MD
LG