Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳалокати як оилаи тоҷик дар Русия


Натиҷаи сӯхтор дар Подиелски Русия,Podielsk, 1 феврали соли 2009

Натиҷаи сӯхтор дар Подиелски Русия,Podielsk, 1 феврали соли 2009

Мақомоти Русия мегӯянд, панҷ узви як хонаводаи серфарзанди тоҷик дар сӯхторе дар шаҳри Тюмен ба ҳалокат расидаанд.

Инҳо зану шавҳар ва се кӯдакашон -- яке 6-сола, дигаре 4 ва савумӣ 1-сола будаанд.

Дар ин бора Сергей Зиневич, иҷрокунандаи муваққатии вазифаи ноиби аввали раис дар Раёсати Вазорати вазъи изтирории Русия дар вилояти Тюмен ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Вай гуфт, сӯхтор тақрибан наздикиҳои соати як шаби 7-уми июн ба вуқӯъ пайвастааст. Нерӯҳои сӯхторнишон ба зудӣ ба ҷои ҳодиса, кӯчаи Фанерии шаҳри Тюмен расида, як бинои яктабақа ва даҳлези пайванд ба онро дар коми оташ ёфтаанд. Бо фишори об сӯхтор дар соати 2-и шаб фурӯ нишонда шуд, аммо талошҳои наҷоти одамон натиҷа надод.

Зиневич гуфтааст, аз Тоҷикистон будани оила муайян шудааст, вале ҳанӯз маълум нест, он дар Тюмен ба таври қонунӣ ба сар мебурд ё хайр.

Сабаби сӯхтор дақиқ нашудааст ва мақомот се фарзияро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Инҳо -- беэҳтиётӣ бо оташ, расиши симҳои барқ ва сӯзондани бадқасдона.
XS
SM
MD
LG