Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

5 медали тиллои варзишгарони тоҷик дар Тошканд


Маросими супурдани медали тило ба варзишгари тоҷик Акмал Қодиров
Маросими супурдани медали тило ба варзишгари тоҷик Акмал Қодиров

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи армрестлинг ё дастхобонӣ дар шаҳри Тошканд 26 медал ба даст оварданд.

Дар ҳаштумин давраи сабқати қаҳрамонии Осиё, ки дар чаҳор гурӯҳ – бузургсолон, навҷавонон, собиқадорону маълулон баргузор шуд, беш аз 500 варзишгар аз 7 кишвар – Кореяи Ҷанубӣ, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Ҷопон ва Эрон ширкат варзиданд.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо касби 5 медали тилло, 5 - нуқра ва 16 - биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ пас аз тимҳои Қазоқистону Узбакистон дар ҷои сеюм қарор гирифт, ки ин нисбат ба соли гузашта як қадам пеш аст.

Нодирхон Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, Тоҷикистон аз соли 2004 дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё ширкат варзида, барои бори сеюм ҷои сеюмро соҳиб шуд. Шарафи Тоҷикистонро ин дафъа 36 варзишгар ҳимоят карданд.

Адолат Хуҷамқулова, варзишгари тоҷик
Дар рақобатҳои инфиродӣ Акмал Қодиров, барандаи сабқати ҷаҳонӣ ва қаҳрамони бисёркаратаи Осиё байни варзишгарони маълул, дар шаҳри Тошканд дар вазни беш аз 90 кг байни мардон дар дуҳарба медали тилло ба даст овард. Ҳамдастааш Адолат Хуҷамқулова низ дар сабқати занон миёни варзишгарони маълул дар вазни то 60 кг ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Инчунин, дар рақобатҳои инфиродӣ варзишгари тоҷик Тоҳир Тоҳиров дар вазни то 65 кг бо дасти чап бар ҳамаи ҳарифони худ пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Ҳусейнҷон Қурбонов дар сабқати собиқадорон дар вазни то 75 кг бо медали тилло мукофотонида шуд. Дар сабқати наврасон дар вазни то 50 кг Фарҳод Комилов ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт.

Ба гуфтаи Нодирхон Дареғӣ, раиси Федеросиюни армспорти Тоҷикистон, барандагони медалҳои мусобиқоти қаҳрамонии Осиё барои ширкат дар сабқати ҷаҳонӣ оид ба армрестлинг, ки аз 6-ум то 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар Италия баргузор мешавад, роҳ ёфтанд.
XS
SM
MD
LG