Пайвандҳои дастрасӣ

Нигоҳи Бан Ки Мун ба авзоъ дар Ироқ


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, изҳор намуд, ки вазъи амниятӣ дар Ироқ беҳбуд ёфтааст. Ҳамзамон ӯ дар як гузориш барои Шӯрои амният гуфтааст, ки дар кишвар ҳанӯз мушкилоти марбут ба амният, волояти қонун ва дифоъ аз ҳуқуқи башар зиёданд. Аз нигоҳи Бан Ки Мун, нерӯҳои ҳукуматӣ тавони назорати вазъ дар Ироқ баъд аз хуруҷи низомиёни ИМА ва ҳампаймонҳои онҳоро доранд. Дар ин гузориш Дабири Кулли СММ аз ҳалокати теъдоди зиёди мардуми осоишта бар асари ҳамлаҳои интиҳорӣ изҳори нигаронӣ кардааст. Аз оғози сол дар ин ҳамлаҳо беш аз 750 ироқӣ кушта шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG