Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бан Ки Мун:Дар Ироқ таҳдид ҳанӯз боқӣ мондааст


Бан Ки Мун-Дабири Кулли СММ мегӯяд, дар давоми як соли гузашта вазъи амниятӣ дар Ироқ ба таври қобили мулоҳиза беҳбуд ёфтааст, аммо таҳдиди гурӯҳҳои шӯришӣ, ки талош доранд хушунатҳои мазҳабиро дар ин кишвар доман зананд, ҳамчунон боқӣ мондааст. Бан Ки Мун дар гузориши наве ба Шӯрои Амнияти СММ мегӯяд, ҳукумати Ироқ ишора кардааст, дар ҳоле, ки нируҳоли байналмиллалӣ барои хуруҷ аз Ироқ дар поёни соли оянда омодагӣ мегиранд, нируҳои амниятии ин кишвар ҳоло метавонанд масъулияти амнияти кишварро аз ин нируҳои зери фармондеҳии Амрико қабул кунанд. Аммо Дабири Кулли СМ мегӯяд, гурӯҳҳои мухолифон, Ал Қоида ва гурӯҳҳои дигари тундрав ҳамчунон нишон медиҳанд, ки онҳо метавонанд ҳамлаҳое анҷом диҳанд.
XS
SM
MD
LG