Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии эътилофи ғарбгарои Лубнон дар интихобот


Мақомоти Лубнон расман эълон карданд, ки эътилофи рӯ ба Ғарби таҳти раҳбарии Саъд Ҳарирӣ дар интихоботи порлумонӣ бар Ҳизбуллоҳ пирӯз шудааст.

Раҳбари «Ҳизбуллоҳ» Шайх Ҳасан Насруллоҳ мағлубшавии эътилофи худ дар интихоботи порлумонии Лубнонро эътироф кардааст ва барои ҳамкорӣ бо эътилофи Саъд Ҳарирӣ изҳори омодагӣ намудааст.

Номзадҳо аз ҷиноҳи рӯ ба Ғарби Саъд Ҳарирӣ дар ин интихобот беш аз нисфи курсиҳои порлумони Лубнонро ба даст овардаанд.

Иттиҳоди таҳти раҳбарии Саъд Ҳарирӣ, ки аксаран аз лубнониҳои масеҳӣ иборат аст, мухолифи нуфузи Сурия дар Лубнон аст ва аз сӯи кишварҳои Ғарб ва Арабистони Саудӣ ҳимоят мешавад. Дар ҳоле, ки рақиби ин эътилоф, яъне «Ҳизбуллоҳ» ва муттафиқони шиамазҳаби он аз ҷониби Сурия ва Эрон дастгирӣ мешаванд.

Дар ҷараёни раъйдиҳӣ ҳудуди 50 000 нафар нерӯҳои амниятӣ барои таъмини амният сафарбар шуда буданд. Тақрибан 200 нозири байнулмиллалӣ, аз ҷумла Ҷиммӣ Картер – раисиҷумҳури собиқи Амрико, бар ҷараёни интихобот назорат карданд.

Порлумони Лубнон дорои 128 намоянда аст ва бо назардошти низоми сиёсии ин кишвар курсиҳои порлумон байни мусулмонон ва масеҳиҳо баробар тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG