Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаводаи рӯзноманигорон хостори тараҳҳум шудаанд


Аъзои хонаводаи ду рӯзноманигори амрикоӣ, ки дар Кореяи Шимолӣ ба ҷазои ислоҳоти меҳнатӣ маҳкум шудаанд, аз Кореяи Шимолӣ дархост кардаанд, ки ҳамрайи нишон диҳад ва ин ду хонуми рӯзноманигорро раҳо кунад. Дар як эъломияи муштарак хонаводаи рӯзноманигорон Лаура Линг ва Еуна Лӣ гуфтаанд, онҳо аз ҳукм дар бораи 12 сол ҷазои ислоҳоти меҳнатӣ муттааҷибанд. Дар эъломия изҳори бахшиш кардаанд, ки мумкин аст ин ду рӯзноманигор ҳангоми иқомат дар Кореяи Шимолӣ нохудогоҳ кори нодурусте карда бошанд. Қаблан ҳукумати Амрико гуфта буд, ки иттиҳомот бар зидди ин ду рӯзноманигор появу асос надорад.
XS
SM
MD
LG