Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбуллоҳ натиҷаҳои интихоботи Лубнонро эътироф кард


Ҳасан Насруллоҳ-раҳбари Ҳизбуллоҳи Лубнон гуфт, вай натиҷаҳои интихобти порламонӣ дар ин кишварро эътироф мекунад. Натиҷаҳои интихоботи рӯзи якшанбе нишон медиҳад, ки эътилофи ғарбгаро ба раҳбарии Саад Ҳарирӣ аз 128 курсии порламон 71-тои онро ба даст овардааст. Ҳизбуллоҳ, ки ҷонибдори Эрону Сурия аст, 57 курсӣ ба даст овардааст. Ян Келлӣ-сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи наҳваи баргузории интихобот чунин гуфт:

"Мо аз тамомияти арзӣ ва истиқлоли Лубнон ҳамчунон ҷонибдорӣ мекунем. Мо аз райи лубнониҳо, ононе, ки дар интихоботи таассуротбахш ширкат доштанд, ҳимоят мекунем. Мо ҳамчунин мақомоти Лубнон, аз ҷумла нируҳои мусаллаҳ ва пулисро, ки амнияти заруриро таъмин карданд, то интихобкунандагон хости худро дар интихобот баён доранд, табрик мегӯем".

Дар интихобоити порламонии Лубнон 55 дарсади аҳолии қобили рай ширкат кардаанд.
XS
SM
MD
LG