Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боқиев нома аз Афғонистонро таъйид кард


Дирӯз Қурмонбек Боқиев-раиси ҷумҳури Қирғизистон таъйид кард, ки вай аз номи Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон номае дарёфт кардааст. Вай дар мулоқоте бо сокинони шаҳраки Ат-Башӣ хитоб ба Омурбек Субаналиев-раиси вилояти Норин чунин гуфт:

"Шумо чӣ тарз огаҳӣ ёфтед, ки ман аз президент Карзай нома гирифтаам. Ман намедонам, Омурбеки азиз, ман ҳатто ба шумо чизе нагуфтаам. Бо вуҷуди ин, хабар рост аст, хешовандони азиз".

Қаблан сару садоҳое ба роҳ афтода буд, ки Боқиев бо Ҳомид Карзай мулоқот мекунад ва ҷонибҳо масъалаи иҷозаи истифода аз пойгоҳи низомии Манаси Қирғизистонро барои идомаи мубориза бар зидди терроризм дар Афғонистон баррасӣ мекунанд. Айбек Молдогазиев-як мақоми аршад дар дафтари раёсати ҷумҳурӣ гуфт, ки президент Карзай дар номае хостори мулоқоти сиррӣ шудааст ва мехоҳад масъалаи пойгоҳи Манасро баррасӣ кунанд. Боқиев дирӯз гуфт, бояд вазъ дар минтақа баррасӣ шавад.
XS
SM
MD
LG