Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон ба рӯзноманигор ҳамла кардаанд


Бино ба гузоришҳои расида аз Қирғизистон, Абдулваҳоб Мониев-як рӯзноманигори нируҳои мухолиф дар ин кишвар мавриди лату кӯб қарор гирифтааст. Мониев дар ҳафтаномаи "Ачиқ Сиёсат" ё "Сиёсати Боз" кор мекунад. Вай бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол дода шудааст. Афроди номаълум рӯзи ҷумъаи гузашта дар Бишкек ба вай ҳамла бурдаанд. Рискелдӣ Момбеков-муовини сардабири ин ҳафтанома ба матбуот гуфтааст, ин ҳамла ба фаъолияти рӯзноманигории Абдулваҳоб иртибот доштааст.
XS
SM
MD
LG