Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ӯзбекистон бозори барқи худро тавсеа медиҳад


Бештар аз 6,5 ҳазор нафар сокинони деҳи Ойбеки вилояти Самангони Афғонистон ба шабакаи барқи доимӣ пайвастанд. Ин шабакаи барқ аз Ӯзбекистони ҳамсоя меояд. Тибқи пешбиниҳо онҳо акнун 24 соъат бо барқ таъмин хоҳанд буд. Нархи як киловат соат барқ барои аҳолӣ тақрибан 5 афғонӣ ва барои корхонаву муассисот 12 афғонӣ муқаррар шудааст. Ҳоло Ӯзбекистон кишвари аслии таъминкунандаи барқи Афғонистон ба шумор меравад. Тоҷикистон низ дар ин бора барномаҳое дорад ва дар Афғонистон бозори фурӯши барқи худро ба нақша гирифтааст. Чунин барномаҳо танҳо бо сохтмони ниругоҳҳои барқи обии ин кишвар метавонад амалӣ шавад.
XS
SM
MD
LG