Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмакҳо Амрико ба ниёзмандон дар Тоҷикистон


Сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи ёрмандӣ дар ҳолатҳои изтирорӣ кӯмакҳои худро дар ихтиёри сокинони ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон гузошт. Мизони умумии ин кӯмакҳо 234 000 долларро ташкил медиҳад ва аз хаймаҳои бузург, кату кампал ва либоси хобу чароғчаҳои дастӣ ва амсоли он иборат аст. Чунин кӯмакҳо дар ҳолатҳои зарурӣ дар ихтиёри қишрҳои осебпазири аҳолии Тоҷикистон гузошта мешавад.
XS
SM
MD
LG