Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз кӯмакҳои Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад


Имрӯз бахши аввали кӯмакҳои башардӯстонаи Русия ба Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Душанбе интиқол дода мешавад. Сафорати Русия дар Душанбе ба хабаргузориҳои маҳаллӣ иттилоъ додааст, ки ин кӯмакҳо аслан аз хӯрокӣ иборат аст ва онро ҳавопаймои Ил-76-и вазорати умури изтирории Русия ба Тоҷикистон мерасонад. Ин кӯмакҳоро ба осебдидагони офатҳои табиии моҳҳои апрел ва маи соли ҷорӣ тақсим мекунанд. Дар маросими таҳвили ин кӯмакҳо сафири Русия дар Тоҷикистон ва раҳбарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ширкат мекунанд.
XS
SM
MD
LG