Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имкони идомаи истифодаи пойгоҳи Манас баҳс мешавад


Як мансабдори баландпояи қирғиз изҳор намуд, ки шояд ҳафтаи оянда президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай вохӯрда, имкони истифодаи пойгоҳи Манаси канори шаҳри Бишкек дар амалиёти низомии эътилофи байналмилалии зери раҳбарии ИМА дар Афғонистонро баҳс кунад.

Ойбек Молдоғозиев ходими дастгоҳи президенти Қирғизистон мегӯяд, ҳафтаи гузашта раисҷумҳури Афғонистон унвони Қурмонбек Боқиев паёме фиристода, гуфтушниди маҳрамона рӯи истифодаи пойгоҳи Манасро матраҳ намудааст. Қирғизистон аз ИМА хостааст, ки то 18-уми август Манасро холӣ кунад.

Молдоғозиев илова мекунад:

"Дар ин мулоқоти эҳтимолӣ бо президенти Афғонистон шояд масъалаҳои калидии таҳкими назму субот дар Афғонистон ва ҳамсоякишварҳои он баррасӣ шавад".

Маким Каганер як мансабдори дигари қирғиз, ки аз наздикони Боқиев ба шумор меравад, дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтааст, ки шояд баҳси истифодаи пойгоҳи Манас миёни Карзай ва Боқиев рӯзҳои 15-16-уми июн дар шаҳри Екатеринбурги Русия дар ҳошияи мулоқоти раҳбарони кишварҳои Созмони Ҳамкориҳои Шанҳай доир шавад. Афғонистон дар ин созмони минтақавӣ мақоми нозирро касб кардааст.
XS
SM
MD
LG