Пайвандҳои дастрасӣ

Яке арӯсиро ба соли дигар мондаасту дигаре орзуи донишҷӯ шуданро аз дил берун мекунад. Яке говашро фурӯхту дигаре телефони дастияшро...

Дар сари хиёбони Рӯдакӣ таксиҳо дар интизори онҳое қатор истодаанд, ки пули таксисаворӣ дошта бошанд. Бархе ронандаҳо дарҳоро боз гузоштаву худ дар курсии мошин нишастаанд ва пойҳояшон дар берун. Бархе тамоку дуд медиҳанд, бархе пайваста нос мекашанд. Чашмонашон маҳзун.

Аз онҳо мепурсам, оё бӯҳрони иқтисодӣ ба кору зиндагиашон чӣ таъсир гузоштааст, имрӯз чӣ ҳол доранд ва пеш чӣ тавр буд?

Таксирон: "Ҳамин халқ, ки пул надошта бошад, ба таксӣ ҳам намешинад. Ман ҳам аз ду тангаи худ, ки кор мекардам, мемонам, нонпулӣ намеёбам, ин кризис ба ҳама зарар расонидааст. Зиндагии мо пеш аз бӯҳрон каме хубтар буд, донишҷӯҳо ҳам ҳатто таксӣ мешиштанд. Ҳозир мардум агар маҷбури маҷбур нашаванд, ба таксӣ намешинанд."

Ронандаи дигарро, ки мегӯяд, таксиронӣ ягона манбаъи даромадаш аст, мепурсам, дар рӯз чӣ қадар пул кор мекунад?

Ронанда: "Рӯзе мешавад, ки пули кор кардаам ба харҷам мерасад, рӯзе мешавад, баракс намерасад. Имрӯз ҳеч кас гуфта наметавонад, ки ман дар тӯли рӯз чӣ қадар пул ба даст меорам. Рӯзе мешавад, ки ман ҳатто бензинпулиамро кор намекунам. Ин пулҳо ба зиндагиам базӯр мерасад ва имконе надорам, ки писарҳоямро ба мактабҳои олӣ дохил кунам. Як писарам синфе се мехонад, дигараш синфи нуҳро ҳамин сол тамом кард ва гуфт, дигар намехонам ва хонданро партофт."

Ба хотири савоб савори таксие мешавам, ки ронандааш ба назарам бечоратар аз дигарон намудор мешавад ва то бозори "Баракат" меоям. Дар ин ҷо ҳам қатори таксиҳои интизорро мебинам. Ҳис мекунам, ронандагони онҳо ба ронандаи таксии ман ҳасад мебаранд.

Кирояи роҳро медиҳам, хайрухуш мекунам ва вориди бозор шуда аз аввалин фурӯшандае пурсидам бӯҳрон оё ба ӯ ҳам таъсир кардааст?

Зани фурӯшанда: "Албатта таъсир кардаст, ки ҳама чиз қимат. Ба бозори "Корвон" меравем ҳеҷ чиз харида наметонем. Доллар 4-у 50 шудааст. Барои мо камбағалон, ки дар 50 сомонӣ бор мехарем ва онро дар бозори "Баракат" мефурӯшем каме пули хуб ба даст меовардем, ҳоло дар 200 сомонӣ бор мехарему мебиёрем ҳиччӣ намешавад. Кризис маънош ҳамин шудаст, ки ҳама чиз қиматӣ шудааст. Харидоромон суст аз садто якто мебиёяд, яктош як чиз мехарад ва ҳамон пули коркардаамро барои кӯдако нон мехарам."

Мепурсам: "Шумо дар ҳоли ҳозир фарзандотона ба мактаби олӣ монда ё хонадор карда метавонед?

Фурӯшандазан: "Як набера дорам ҳайронам, ки ӯро чи тавр хонадор мекунем. Падараш дар Русия аст, падараш низ мегӯяд, ки дар Русия кораш хуб нест, ӯ ҳам мегӯяд, ки бӯҳрон аст ва моашаша намедиҳанд. Набераам як сол боз аст, ки дар фотеҳа гаштааст. "

Зани дигар дар ҳамсоягӣ бо ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: "Хайр ҳозир шароит вазнинтар аст. Ба далели он ки худам ва фарзандонам бачадор ҳастанд. Ман мана ҳамин ҷо тақрибан 100 сомон кор мекунам ва ба ҳамин пул зиндагӣ дорем. Фарзандам низ кор мекунад ба ӯ 100-150 сомон маъош медиҳанд. Набераам синфи 9-ро хатм мекунад ва мегӯяд маро ба донишгоҳ дохил кунед, аммо зӯрамон намерасад. Пул нест, дар ҷое кор мекунад, аммо пул намедиҳанд. Шароит вазнин, вале ба ҳамин ҳам худо ба шукр. Дар оилаи мо 13 нафар буд ва ман бо лингчааш ғизо меовардам, вале имрӯз на. Ҳамин як кило-ним кило ҳам бошад, хуб аст."

Ҳамсӯҳбатони ман давраи пешазбӯҳрониро, ки мегӯянд, он ҳам чандон хуб набуд, бо ҳасрат ёд мекарданд.

Дар ҳамин раста яке аз харидорон, марди солхӯрда, ки аз ноҳияи Ҷиргатол ба пойтахт омадааст, дастгоҳи забти маро дида, ба наздам меояд мегӯяд: "Шумо ба ман дар бораи пул ва зиндагӣ савол додед. Ман дар ин масала ҳеҷ қаноатманд нестам. Барои чӣ? Барои он ки ҳамаи одамҳо барои кисаи худ кор мекунанд. Ман як одами маъюб ҳастам, саломатиам хуб мешуд, аз хонаи худ ба Душанбе намеомадам. Вале афсӯс, пойи ман дард пайдо кард ва ман ба Душанбе барои табобат омадам. Гов фурӯхтан ин як чизе нест, ки барои худам бошад, гов барои фарзанд ва оилаи ман аст. Ман намехостам, говамро бифурӯшам, афсӯс, ки ҳукумати мо имрӯз ба ҳамин давраҳо афтодааст. Барои мисол, барои ман кӯмак гуфта, дору ҷудо кардаанд, аммо он бо пул дода мешавад. Бубинед, Созмони Милал доруҳои мухталиф кӯмак кардааст, аммо барои чӣ ин доруҳоро бепул намедиҳанд? Ман маҷбурам, ки фарзанди худро гурусна бимонаму говамро фурӯхта, ба Душанбе барои табобат биёям."

Бо ин сӯҳбатҳо ва бо нигоҳе ба нархи меваю сабзавот аз бозор берун мешавам. Нархҳо дар нисбати ҳамин давраи соли гузашта хеле болотаранд. Барои мисол, як кило чака 5 ё 6 сомонӣ, гелоси сиёҳ 15 сомонист, як кило помидор 5 сомонӣ, бодиринг 3 сомонӣ ва ғайра. Дар ҳоле ки дар соли гузашта ҳамин нархҳо 50 дарсад арзонтар буд.

Дар истгоҳи ин бозор бо як донишҷӯёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҳамсӯҳбат мешавам. Вай мегӯяд, ки бӯҳрон бадтар аз ҳама донишҷӯёнро задааст: "Шахсан ман зарба дидаам. Пеш аз бӯҳрон ба ман хешовандонам, ки дар Русия кор мекунанд, ҳар моҳ 100 сомонӣ мефиристоданд. Аммо акнун ба ман 50 сомонӣ мефиристанд, чунки ҳоло онҳо дар зери фишори бӯҳронанд. Ин пул фақат ба хӯрок ва роҳкиро мерасад. Боз корҳое меафтад, ки донишҷӯ бидуни маблағ иҷро карда наметавонад. Масалан, барои кори курсиро омода кардан онро бояд дар компютер чид ва нашр кард ва вақте, ки мо ба марказҳои интернет меравем ва онро чопу нашр кунем, мегӯянд, аз 20 то 35 сомонӣ маблағ лозим аст..."

Пас бӯҳрон ба мо ҳам расидааст ва зиндагии моро тангтар мекунад. Бо ин андеша ба идора бармегардам, то шунидаҳоямро ба шумо қисса кунам. Шумо чӣ назар доред?

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG