Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Аврупо ростгароҳо пирӯз шуданд


Дар интихоботи парламенти Аврупо ҳизбҳои ростгаро дастболо шудаанд. Тибқи ахбори расида ширкати раъйдиҳандагон хеле заиф будааст. Аз миёни 375 миллион афроди дорои ҳаққи оводиҳӣ дар интихобот 43 дар сад ширкат варзидаанд. Тахмин мешавад, ки аз 736 курсии европарламент 267-насиби ростгароҳо хоҳад шуд. Ҳизбҳои марказ ва чапгаро, ки дар парламенти пештара 216 курсиро дар итиёр доштанд, акнун ҳамагӣ 159 вакили худро ба парламенти Аврупо сафарбар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG