Пайвандҳои дастрасӣ

Нигарониҳои Боқиев аз хатари Толибон


Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев

Раисиҷумҳури Қирғизистон Қурмонбек Боқиев

Раисиҷумҳури Қирғизистон дар нишасти вижае ба эҳтимоли вуруди ҷангиёни Толибон тавассути Тоҷикистон ба қаламрави Қирғизистон ишора кардааст.

Қурмонбек Боқиев ҳангоми баррасии вазъи минтақа ва таҳаввулоти ахир дар Покистон ва Афғонистон дар як нишасти вижа бо раҳбарони ниҳодҳои қудратии кишвараш тақозо кардааст, ки дар муқобили чунин таҳаввулот омода бошанд.

Дар ҳамин ҳол Сажера Чололоева, як корманди масъули дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон зимни як сӯҳбати вижа бо бахши тоҷикии радиои Озодӣ иброз дошт, ки мақомоти ин идора дар қадами аввал роҳҳои таҳкими ҳимояи марзҳои кишвараш дар самти ҷанубро мадди назар гирифтаанд.

Ба гуфтаи хонуми Чололоева мақомоти хадамоти марзбонӣ дар паи ин амри раисиҷумҳур Қурмонбек Боқиев ҳимояти марзҳояшон бо Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таҳким бахшиданианд. Вай таъкид кард, ки баъди таҳаввулоти ахир дар вилояти Андиҷон, ки мавриди вокунишҳои мухталиф гардид, ҳамчунин иттилоҳое, ки ҷиҳати зуҳури гуруҳҳои ифротӣ дар манотиқи дигари Осиёи Марказӣ паҳн мешаванд, ба роҳандозии ин чораҷӯии муҳим сабаб шудаанд.

Ба гуфтаи коршиносон, инфиҷор дар посгоҳи Хонободи Андиҷон ва таҳаввулоти дигаре, ки моҳи гузашта дар қаламрави ин кишвари ҳамҷавор ба вуқӯъ пайваст, дар равобити Қирғизистон ва Узбакистон як сардӣ ворид намуд. <br /><br />Бино ба ин манобеъ эҳтимол меравад, Қирғизистон, ки ба ҳимояти ҷиддии марзҳояш чандон эътибор намедод, баъди даъвоҳои ҷониби Узбакистон ҳимояти марзҳояш дар қисмати ҷанубро таҳким бахшиданист.

Мақомоти Тошканд Қирғизистонро ба он муттаҳам карданд, ки тундгароёни мазҳабӣ тавассути ин кишвар ба қаламрави Узбакистон ворид шуданд ва нооромиҳоро дар он сабаб гардиданд.

Чунин ба назар мерасад, ки куштори як шаҳрванди Қирғизистон дар марзи миёни ин кишвар бо Узбакистон суръати ин сардиҳоро беш аз пеш метезонад. Ёдовар мешавем, ки рӯзи якшанбеи гузашта як сокини узбактабори Ӯш аз тири марзбони кишвари ҳамсоя ба ҳалокат расид ва дар бемористони Дӯстлик, ки марбути вилояти Андиҷони Узбакистон аст, ҷони худро аз даст дод.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти хадамоти марзбонии Қирғизистон, фармондеҳи қисми марзбонии Ӯш аз ҳамтои узбаки худ тақозо намудааст, ки ин ҳодисаро зимни як мулоқот баррасӣ намоянд, вале ҷониби Узбакистон ҷавоби рад додааст ва аз мулоқот бо ин фармондеҳи қирғиз канора ҷустааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG