Пайвандҳои дастрасӣ

Дар интихоботи Лубнон эътилофи Ҳарирӣ пирӯз шуд


Раҳбари эътилофи рӯ ба ғарби Лубнон Саъд Ҳарирӣ эълон кард, ки ҷумбиши зери раҳбарии ӯ дар интихоботи парламентии ин кишвар ҳизбуллоҳ ва муттафиқонашро, ки аз тарафи Эрону Сурия пуштибонӣ мешаванд, мағлуб намудааст. Саъд Ҳарирӣ писари собиқ сарвазири Лубнон Рафиқ Ҳарирӣ мебошад, ки чанд сол пеш дар натиҷаи як сӯиқасд дар Бейрут ба ҳалокат расида буд.

Тибқи пешбинии муассисаҳои назарсанҷии Лубнон эътилофи рӯ ба ғарб 71 курсии парламентро касб кард. Гурӯҳҳои ҳизбуллоҳ, насронӣ ва шиаи Сурия бошад, 57 курсии боқимондаи Маҷлиси қонунгузорро дар ихтиёр дошта бошанд.

Дар интихоботи рӯзи якшанбе беш аз 52% раъйдиҳандагони лубнонӣ иштирок кардаанд.
XS
SM
MD
LG