Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Шумораи қурбониҳои сӯхтори Мексика афзоиш меёбад


Мансабдорони ҳукумати Мексика мегӯянд, ки бар асари сӯхтор дар боғчаи кӯдакони аёлати шимолу ғарбии Сонора камаш 42 кӯдак ба ҳалокат расиданд. Даниэл Карам мансабдори хадамоти ҳифзи иҷтимоии Мексика афзудааст, ки 33 нафари дигар бо ҷароҳатҳо дар шифохона мебошанд. Сӯхтор дар боғчаи кӯдакони шаҳри Ҳермосилло рӯзи ҷумъа ба вуқӯъ пайваста буд. Президенти Мексика Филиппе Калдерон аз идораи додситонии федералӣ таҳқиқи ҳодиса ва иҷрои дастурҳои амниятӣ дар ин маркази кӯдаконро талаб кардааст. Назар ба гузоришҳои расида бино фақат як баромадгоҳ дошт, ки амалиёти наҷотро хеле мушкил карда буд. Ҳамчунон дар ин бино низоми ҳушдор ва ё хомӯш намудани сӯхтор амал намекард, вале бо васфи ин ҳол дар моҳи май муфаттишон амнияти маркази кӯдаконро қобили қабул номида буданд.
XS
SM
MD
LG