Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ба Русия пули газро пардохтааст


Ширкати Газпроми Русия тасдиқ кард, ки Украина пули гази табиии дар моҳи май ворид намудаашро пурра пардохтааст.

Ин хабарро сухангӯи Газпром Сергей Куприянов ба самъи рӯзноманигорон расонд. Рӯзи ҷумъа ширкати давлатии Нафтогази Украина изҳор намуд, ки барои гази дар моҳи май ворид намудааш ба Газпром 647 миллион доллар фиристодааст. Қаблан Русия ҳушдор дода буд, ки агар Украина пули газро сари вақт напардозад, Русия содироти газ ба ин кишварро мутаваққиф хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG