Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигорони амрикоиро аз озодӣ маҳрум карданд


Додгоҳи Кореяи Шимолӣ ду зани рӯзноманигори амрикоиро ба 12 соли зиндон ва кори иҷборӣ маҳкум кард. Хабаргузории давлатии Кореяи Шимолӣ иброз дошт, ки додгоҳи марказӣ "ҷинояти ҷиддӣ"-и ин рӯзноманигорон ва ҳамзамон убури ғайриқонунии марз аз тарафи онҳоро собит намуд.

Дар гузориш тафсилоти ин "ҷинояти ҷиддӣ"-и Лаура Линг ва Эуна Ли дода нашудааст. Хабарнигорони шабакаи телевизионии Current TV ИМА моҳи март дар марзи миёни Кореяи Шимолӣ ва Чин аснои таҳияи гузориш дар бораи паноҳандагон боздошт шуда буданд.

Рӯзи якшанбе котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА хонум Ҳилларӣ Клинтон айбномаи рӯзноманигоронро беасос номида, таъкид кард, ки Кореяи Шимолӣ бояд онҳоро раҳо намояд.

Клинтон ҳушдор дод, ки ИМА Вашингтон имкони сабти дубораи Кореяи Шимолӣ дар рӯйхати кишварҳои пуштибони терроризмро арзёбӣ дорад. Моҳи октябри соли гузашта ИМА Кореяи Шимолиро аз ин рӯйхат берун кашида буд.
XS
SM
MD
LG