Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Тоҷикистон-2009 оғоз ёфт


6-уми июн мусобиқот барои дарёфти Ҷоми Тоҷикистон-2009 шурӯъ шуд.

Дар бозии аввали ҳаштякниҳоӣ дастаи мизбон - «Гвардия»-и Душанбе аз тими «Истиқлол»-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 шикаст хӯрд. Самад Шоҳзуҳуров, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 33-юм ҳисобро боз кард. Баъди 11 дақиқа Юсуф Рабиев голи дуюми дастаи меҳмонро ба самар расонд. Пас аз танаффус Ҷамшед Ҳабибуллоев, бозигари «Гвардия», дар дақиқаи 53-юм ҳисобро тағйир дод. Голи сеюми «Истиқлол»-ро Фатҳуллоҳ Фатҳуллоев дар дақиқаи 61-ум зад.

Инчунин рӯзи шанбе бозиҳои аввали чаҳорякниҳоӣ баргузор шуданд.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Тӯбро Умед Ҳабибуллоев дар замони изофӣ (90+3) ба дарвозаи меҳмонон ворид кард.

Дастаи лигаи аввал - «Хайр»-и шаҳри Ваҳдат дар майдони худ бар тими лигаи олӣ - ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ҳалкунандаро Дилшод Табаров дар дақиқаи 72-юм ба ҳадаф расонд.

Ҳамчунин бозии аввали ҳаштякниҳоӣ байни дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа мебоист 6-уми июн ва бозии
чаҳорякниҳоӣ байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода мебоист 7-уми июн барпо мешуданд, вале тимҳои «Равшан» ва «Парвоз» ба иллати камбуди маблағ аз ширкат дар Ҷоми ҷумҳурӣ-2009 даст кашиданд. Бинобар ин «Вахш» ба даври чаҳорякниҳоӣ ва «Регар» ТадАЗ ба даври ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Бозии ҷавобии ҳаштякниҳоӣ байни дастаҳои «Истиқлол» ва «Гвардия» 10-уми июн дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва бозиҳои ҷавобии чаҳорякниҳоӣ 13-уми июн миёни дастаҳои «Энергетик» - «Хуҷанд» ва ССКА «Помир» - «Хайр» баргузор хоҳанд шуд.

Ғолиби ҷуфти «Истиқлол» - «Гвардия» дар даври чаҳорякниҳоӣ 15-ум ва 19-уми июн бо «Вахш» бозӣ хоҳад кард.

Барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2009 дар бозии ниҳоӣ рӯзи 5-уми октябр муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG