Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар навъҳои гуштии самбои варзишӣ ва самбои размӣ ё ҷангӣ дар шаҳри Тошканд 27 медал ба даст оварданд.

Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни гуштии самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт: «Дар сабқати Осиё байни мардону занон ва навҷавонону духтарон ҳудуди 500 варзишгар аз 25 кишвар ширкат варзиданд. Мусобиқа дар навъҳои самбои варзишӣ ва самбои размӣ сурат гирифт. Шарафи Тоҷикистонро ҳудуди 40 варзишгар ҳимоят карданд».

Дар сабқати самбои варзишӣ намояндагони Тоҷикистон 16 медал гирифтанд.


Дар рақобатҳои инфиродӣ Набимуҳаммад Хоркашев дар даври ниҳоӣ дар вазни 100 кг бар ҳарифи худ Ғазанфар, аз Покистон, пирӯз шуда, бо медали тилло сарфароз гашт. Намояндаи дигари Тоҷикистон Пӯлодҷон Солеҳов дар вазни 82 кг медали биринҷӣ ба даст овард. Дар сабқати занон дар вазни 68 кг Дилбар Султонова, узви дастаи Тоҷикистон, бо медали биринҷӣ сарфароз шуд.

Дар сабқати навҷавонон дар рақобатҳои инфиродӣ Илёсбек Қарабоев дар вазни беш аз 52 кг ва Хушбахт Назаров дар вазни беш аз 62 кг ба дарёфти медалҳои тилло мушарраф шуданд. Паҳлавонони дигари тоҷик Айниддин Қурбонов дар вазни беш аз 48 кг, Нуруллоҳ Неъматов дар вазни 100 кг ва Абубакр Раҳмонов дар вазни беш аз 100 кг бо медалҳои нуқра сарфароз гаштанд. Убайди Деваштич (+68кг), Маҳмадшариф Давлатов (+74 кг), Рашид Раҳимов (+82 кг) ва Нуруллоҳхон Қосимов (90 кг) соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд. Дар сабқати духтарон Тоҷикистон танҳо соҳиби 1 медали биринҷӣ шуд. Муҳаббат Нодирматова дар вазни 64 кг ҷои сеюмро касб кард.

Дар сабқати наврасони то 16-сола Насиба Алиматова дар вазни 44 кг байни духтарон медали нуқра, Сайёд Шайхов (70 кг) ва Комроншоҳ Устопиров (75 кг) байни писарон медалҳои биринҷӣ гирифтанд.

Дар сабқати самбои ҷангӣ бошад, варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд.

Лутфуллоҳ Розиқов дар вазни 57 кг барандаи медали нуқра шуд. Ноёни Муҳаммадиён (62 кг), Ризвониддин Бурҳонов (68 кг), Зиёратшоҳ Баротов (100 кг) ва Шӯҳрат Карликов (+100 кг) ба дарёфти медалҳои биринҷӣ мушарраф шуданд.

Дар сабқати ситораҳои самбо байни мардон намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гаштанд.

Акмолиддин Каримов дар вазни 52 кг ҷои аввалро касб карда, бо медали тилло сарфароз шуд. Бекмаҳмади Сиратуллоҳ дар вазни 74 кг медали нуқра ба даст овард. Сӯҳроб Сайдализода (57 кг), Убайди Деваштич (68 кг), Фариддун Устопиров (82 кг) ва Пӯлодҷон Солеҳов (90 кг) бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуданд.

Ҳамзамон дар шаҳри Тошканд кунграи Федеросиюни самбои Осиё доир гашт. Маҳмуди Абдуллоҳ, дабири кулли Федеросиюни самбои Тоҷикистон, президенти Федеросиюни тозатаъсиси самбои Осиёи Марказӣ интихоб шуд.

Инчунин дар ин кунгура Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба вазифаи президенти фахрии ФСОМ якдилона интихоб гардид.
XS
SM
MD
LG