Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саноати ширкатҳои ҳавоӣ $9 миллиард гум мекунанд


Анҷумани байналмиллалии нақлиёти ҳавоӣ мегӯяд, саноати ҳавоии ҷаҳон ба бӯҳрони бесобиқа рӯ ба рӯ мешавад ва чунин ба назар мерасад, ки соли ҷорӣ ин бахши саноат 9 миллиард долларро аз даст диҳад. Ҷиованнӣ Бисигнанӣ-раиси гурӯҳи тиҷоратии ин муассисаи ҳавоии байналмиллалӣ дар мулоқоти солонаи ин анҷуман дар Куала Лампур-пойтахти Малайзия гуфт, интизор меравад, ки зарари ин муассиса дар соли 2009 дар маҷмӯъ аз 80 миллиард доллар ё 15 дарсад то 448 миллиард долларро ташкил диҳад, зеро ба сабаби бӯҳрони иқтисодӣ одамон аз сафар худдорӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG