Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Сафири Британия аз ниругоҳи Норак боздид кард


Бино ба иттилоъи расонаҳои хабараии Тоҷикистон, Тревор Мур-сафири Британия дар Душанбе аз ниругоҳи барқи обии Норак боздид ва бо фаъолияти он ошно шудааст. Вай ҳамчунин дар Норак аз корхонае боздид кардааст, ки барои ниругоҳи Норак қисмҳои эҳтиётӣ тавлид мекунад. Дар ин ниругоҳ се чаҳоруми нируи барқи Тоҷикистон тавлид мешавад. Баландии сарбанди он 300 метрро ташкил медиҳад ва он дар ҷаҳон баландтарин сарбандест, ки бо регу гил сохта шудааст.
XS
SM
MD
LG