Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Иттиҳодияи Аврупо муҳофизакорон пирӯз мешаванд


Ҳизбҳои марказгаро дар кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо ҳизбҳои чапи марказгароро дар интихоботи порламонии Иттиҳодияи Аврупо шикаст додаанд. Аммо натиҷаҳои муқаддамотӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми қобили рай дар 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо дар ин интихобот ширкати фаъол надоштаанд. Аз 375 миллион нафар аҳолии қобили рай танҳо 43 дарсади онҳо дар интихобот ширкат ҷустаанд. Дар Литваву Словакия ширкати райдиҳандагон дар интихобот ҳатто тақрибан 20 дарсадро ташкил додааст. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, натиҷаҳои муқаддамотӣ нишон медиҳад, ки ҳизбҳои рости марказгаро мумкин аст аз 736 курсӣ 267-тои онро ишғол кунанд. Аммо тибқи натиҷаҳои муқаддамотӣ ҳизбҳои чапи марказгаро мумкин аст 159 курсиро ба даст оранд. Онҳо дар интихоботи соли 2004 216 курсиро ишғол карда буданд. Ҳизбҳои ҳокими муҳофизакор дар Олмону Фаронса ва Италияву Полша рақибони чапгарои худро мағлуб кардаанд. Вале дар Словенияву Маҷористон ва Эстонияву Болгария ҳизбҳои мухолиф пирӯз шудаанд.
XS
SM
MD
LG