Пайвандҳои дастрасӣ

Аҳмадинaжод дар бораи вазъи иқтисодӣ дурӯғ гуфтааст


Мир Ҳусейни Мусавӣ-номзади мақоми раёсати ҷумҳурии Эрон Маҳмуди Аҳмадинaжод-раиси ҷумҳури Эронро барои дурӯғгӯӣ дар бораи вазъи иқтисодии Эрон муттаҳам кардааст. Аҳмадинежод рӯзи шанбе дар як мунозираи телевизионӣ гуфт, ки таварруми пул 15 дарсадро ташкил медиҳад. Аммо Мусавӣ зимни суханони худ аз телевизион санади бонкро нишон дод ва гуфт, таварруми пул 25,4 дарсадро ташкил медиҳад. Мир Ҳусейни Мусавӣ дар интихоботи расёсати ҷумҳурии рӯзи 12-ӯми июн, яъне баъд аз 4 рӯзи дигар рақиби аслии Маҳмуди Аҳмадинaжод- раиси ҷумҳури кунунии Эрон ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG