Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тимшенко довталаби курсии раёсати ҷумҳурист


Юлия Тимошенко-нахуствазири Украина эълон кардааст, ки вай дар интихоботи ояндаи раёсати ҷумҳурии кишвараш худро номзад пешбарӣ мекунад. Интизолр меравад, ки ин интихобот дар авоили соли 2010 баргузор шавад. Хонум Тимошенко ин нуктаро рӯзи якшанбе аз тариқи телевизион эълон кард. Изҳороти вай дар ҳоле садо дод, ки ҳизби аслии мухолифон аз ташкили эътилоф бо ҳизби вай худдорӣ кардааст. Ҳоло муносиботи Тимошенко ва ҷонибдоронаш бо президент Виктор Юшенко сард шудааст. Рӯзҳои ахир хонум Тимошенко дар бораи ташкили эътилоф бо Виктор Януковичи Маскавгаро музокира анҷом медоданд.
XS
SM
MD
LG