Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи порламонии Лубнон баргузор шуд


Дирӯз мардуми Лубнон дар интихоботи порламонии кишвари худ ширкат карданд. Манобеъи вазорати умури дохилаи Лубнон мегӯянд, ки ширкати райдиҳандагон дар интихобот 55 то 65 дарсадро ташкил медиҳад. Аҳолии маҳаллоти масеҳинишин нисбат ба маҳаллоти мусулмоннишин дар интихобот бештар ширкат ҷустаанд. Дар ҷараёни райдиҳӣ ҳудуди 50 000 нафар нируҳои амниятӣ барои таъмини амният сафарбар шуда буданд. Тақрибан 200 нозири байналмиллалӣ бар ҷараёни интихобот назорат карданд. Порламони Лубнон дорои 128 намоянда аст ва бо назардошти низоми сиёсии ин кишвар курсиҳои порламон байни мусулмонон ва масеҳиҳо баробар тақсим шудааст.
XS
SM
MD
LG