Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз ҳавопаймои Фаронса ҷасадҳои бештар пайдо мешавад


Як киштии фаронсавӣ, ки дар уқёнуси Атлас ба ҷустуҷӯи ҷасади қурбониёни ҳавопаймои ширкати ҳавоии Фаронса ва пораҳои ҳавопаймо машғул аст, ҷасади як нафари дигарро пайдо кардааст. Қаблан як киштии Бразилия се ҷасадро пайдо кард. Бад-ин тариқ шумораи ҷасадҳои пайдошуда аз ин ҳавопаймо ба шаш нафар расид. Ҳоло киштиҳо ва ҳавопаймоҳо дар соҳилҳои Бразилия амалиёти ҷустуҷӯро идома медиҳанд. Ин ҳаврпаймо бо 228 сарнишин 1-ӯми июн ҳангоми парвоз аз пойтахти Бразилия ба Пориси Фаронса бар фарози уқёнус ба сонеҳа дучор шуд. Бино ба хабарҳо, ҳоло киштиҳои зериобии Фаронса ба маҳали ҳодиса шино мекунанд, то ҷаъбаҳои сиёҳи ҳавопайморо пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG