Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизбҳои муҳофизакор дар Аврупо пирӯз мешаванд


Натиҷаҳои назархоҳӣ ва натиҷаҳои муқаддамотии интихоботи порламонии Иттиҳодияи Аврупо нишон медиҳад, ки ҳизбҳои рости марказгаро дар ин интихобот бар ҳизбҳои чапи марказгаро баранда мешаванд. Аммо натиҷаҳои муқаддамотӣ гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми қобили райи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо дар ин интихобот ширкати фаъол надоштаанд. Аз 375 миллион нафар аҳолии қобили рай танҳо 43 дарсади онҳо дар интихобот ширкат ҷустаанд. Ҳизбҳои ҳокими муҳофизакор дар Олмону Фаронса ва Италия рақибони чапгарои худро мағлуб кардаанд.
XS
SM
MD
LG