Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Се қурбонии дигари Airbus 228 -ро ёфтанд


Нерӯҳои баҳрии Бразилия аҷсоди се қурбонии дигари ҳавопаймои фаронсавиро пайдо намуданд, ки ҳафта гузашта дар Уқёнуси Атлантик суқут кард. То кунун танҳо панҷ ҷасади қурбониёни фалокат ёфт шудааст. Мегӯянд, тамоми 228 сарнишини ҳавопаймои мусофирбари Эйрбас 228 ҷон додаанд. Айни замон як сафинаи атомии зериобии Фаронса абзори сабти ҳавопайморо меҷӯяд, то иллатҳои фалокатро рӯшан намоянд. Бино ба тахминҳо, ҳангоми ба маҳалли тӯфонӣ ворид шудани ҳавопаймо абзорҳои суръатсанҷи он аз кор монда ва сабаби суқути ҳавопаймо шудааст.
XS
SM
MD
LG