Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Посухи Амрико ба рафтори Пхенян


Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико мегӯяд, Иёлоти Муттаҳида масъалаи дубора ворид кардани Кореяи Шимолӣ ба феҳрасти кишварҳои ҳомии терорризмро баррасӣ мекунад. Зимни мусоҳибае дар телевизиони Эй Би Си – Амрико Ҳилларӣ Клинтон гуфт, умедвор аст, Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои озмоиши бомби атомӣ, ки Кореяи Шимолӣ моҳи гузашта анҷом дод, бо судури қатъномаи шадиде ба зидди ин кишвар таҳрим эъмол хоҳад кард. Ҳукумати Амрико дар моҳи октябри соли гузашта Кореяи Шимолиро аз феҳрасти кишварҳои ҳомии тероризм хориҷ кард, то музокироти шашҷониба доир ба барномаҳои атомии Кореяи Шимолиро эҳё кунад.
XS
SM
MD
LG