Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳамлаи мардуми маҳаллӣ ба Толибон


Бино ба гузоришҳо аз шимолуғарби Покистон, чандсад нафар аз мардуми рустоҳо бо таъсиси гурӯҳи худдифоъ ба камингоҳҳои Толибон ҳамла карда ва чанде аз онҳоро куштаанд. Сокинони деҳоти Дери Боло, ки дар инҷо як маргталаб рӯзи ҷумъа 30 намозгузорро кушт, рӯзи гузашта ба чанд рустои минтақаи Док Дарра як паноҳгоҳи ҷангҷӯёни Толиб ҳамла кардаанд. Раҳбари идораи пулиси ин маҳал гуфт, дасти кам 11 ҷангҷӯи Толиб ҳалок шудааст. Дери Боло, дар наздикии Водии Свот қарор дорад, ки дар инҷо нерӯҳои Покистон барои маҳви Толибон амалиёти азиме анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG