Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи занони тоҷик дар Созмони Милал


Дар нишасти 11-уми Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар шаҳри Женева вазъи занони тоҷик ва хушунату зӯроварӣ алайҳи онҳо баррасӣ шуд.

Яқин Уртурк, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди маҳви хушунат алайҳи занон, ҳангоми суханронӣ доир ба вазъи занон дар чанд кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, гуфт, хушунат алайҳи занон дар ин кишвар реша давонда ва ба ҳайси як зуҳуроти маъмулӣ қабул шудааст.

Ба гуфтаи вай, агарчӣ қонунҳои Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи зану мардро кафолат медиҳад, аммо пешрафтҳое, ки дар ин замина дар замони Шӯравӣ ба даст омада буд, аз байн рафтанд. Ва дар Тоҷикистон дигарбора анъанаву суннатҳои падарсолорӣ рӯ зада, занонро дар ҷомеа дар баробари хушунат ва сӯистифода осебпазиртар кардааст.

Яқин Уртурк, гузоришгари Созмони Милал, мегӯяд, дар Тоҷикистон хушунат алайҳи занон дар хонавода ба як рафтори маъмулӣ пазируфта шудааст
Яқин Уртук гуфт, “хушунат алайҳи занон ва бахусус духтарон дар хонавода ба таври фарогир мушоҳида мешавад ва ҳамчун як рафтори маъмулии ҳаррӯза пазируфта шудааст. Занону духтарон ҳамчунин берун аз хона мавриди зӯроварии ҷинсӣ ва сӯистифода қарор мегиранд ва қурбонии қочоқи инсон дар дохилу хориҷи Тоҷикистон мешаванд“.

Дар гузориши хонум Яқин Уртурк аз пажӯҳишҳо дар Тоҷикистон иқтибос кардаанд, ки аз се як ҳисса ва ё то нисфи занони тоҷик пайваста ё аз тарафи шавҳар ва ё аз тарафи аъзои хонаводаи ӯ ба навъе аз хушунат дучор мешавад.

Дар робита ба хушунат алайҳи духтарони тоҷик инро мехонем, ки хушунат алайҳи кӯдаконро ҷомеаи Тоҷикистон таҳаммул мекунад ва дар ин миён духтаронанд, ки назар ба бачаҳо бештар аз хушунат бештар ранҷ мекашанд. Яқин Уртурк дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал гуфт, нодонистани ҳуқуқ ва дигар зуҳуроти нави ношоиста дар Тоҷикистон вазъи занони тоҷикро бадтар кардааст. Вай афзуд, “афзоиши никоҳҳои барвақтӣ, бисёрзанӣ ва издивоҷҳои сабтношуда занони Тоҷикистонро осебпазиртар кардааст“.

Дар гузориши хонум Яқин Уртурк мехонем, ки ҳарчанд мақомоти Тоҷикистон барои боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ва коҳиши хушунат алайҳи занону духтарон тадобир меандешанд, аммо амалкарди ниҳодҳои давлатӣ дар ин замина онгуна ки бояд бошад, нест.

Пажӯҳишгари вижаи СММ мегӯяд, аз се як ҳисса ва ё то нисфи занони тоҷик пайваста аз тарафи шавҳар ва ё аз тарафи аъзои хонаводаи ӯ ба навъе дучори хушунат мешаванд ...
Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи расмии Тоҷикистон дар муассисаҳои Созмони Милал дар Женева, дар посух ба гузориши Яқин Уртурк гуфт, ҳукумати Тоҷикистон барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва маҳви хушунат алайҳи онҳо барномаҳои мухталиф ва зиёде амалӣ мекунад. Вай афзуд, ҳимоят аз ҳуқуқ ва таъмини баробарии ҳуқуқи занон дар тамоми арсаҳо аз авлавиятҳои кори ҳукумати Тоҷикистон аст.

Яқин Уртурк дар гузориши вижаи худ доир ба хушунат алайҳи занон дар Тоҷикистон аз ҳукумати ин кишвар хостааст, то бо андешидани тадобири мухталиф ба хушунат алайҳи занону духтарон роҳ надиҳад ва аз ҷумла хушунат алайҳи занонро ҷиноят шумурда ва гунаҳкоронро ҷазо бидиҳад. Вай ҳамчунин тавсия додааст, то ки Тоҷикистон қонун дар мавриди ҳимоят аз хушунати хонаводагиро қабул намояд ва дар мақомоти ҳифзи қонуну тартибот як воҳиди занона таъсис диҳад.

Ҷамшед Ҳамидов, намояндаи Тоҷикистон дар нишасти Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмон Милал, ваъда дод, ки ҳукумати кишвар тавсияҳои гузоришгари Созмони Милалро, ки на камтар аз се саҳифа аст, ба инобат хоҳад гирифт:

Вай гуфт, “мо итминон медиҳем, ки тавсияҳои зикршуда мавриди тавваҷӯҳи хоси ҳукумат аст. Ҳукумат азми қавӣ дорад, ки бо ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ вазъи занон дар тамоми арсаҳои иҷтимоии кишварро беҳбуд бахшад.”

Яқин Уртурк моҳи майи соли 2008 ба Тоҷикистон сафар кардва бо намояндагони ҳукумат, маҳфилҳои сиёсиву ҷомеаи шаҳрвандии кишвар дидору мулоқот анҷом дод.
XS
SM
MD
LG