Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интихоботи ҳамзамон дар 19 кишвар


Мардуми 19 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо имрӯз дар марҳилаи ниҳоии интихобот барои порлумони ин иттиҳодия, вакилони худро интихоб мекунанд. Интизор меравад, бештари 736 курсиҳои Порлумони Аврупоро ҳизбҳои марказгаро аз они худ кунанд, вале дар сурати ширкати ками раъйдиҳандагон дар интихобот, баъзе аз ҳизбҳои ростгаро ҳам метавонанд, раъйи бештарро соҳиб шаванд. Бар асоси назархоҳиҳои пеш аз интихобот, тақрибан камтар аз нисфи 375 миллион сокини бархурдор аз ҳаққи раъйи Иттиҳодияи Аврупо майли ширкат дар интихоботро доштаанд.
XS
SM
MD
LG