Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷасади ду қурбонии Airbus-ро ёфтанд


Имрӯз ҳавопаймову киштиҳои зиёде ба ҷустуҷӯи аҷсоди мусофирони ҳавопаймои фаронсавӣ дар соҳилҳои Бразилия пардохтанд. Пештар аз ин ду ҷасад ва пораҳои ҳавопаймои Эйрбаси ширкати Эйр Франсро ёфтанд, ки рӯзи 1 июн бо 228 сарнишинонаш суқут кард. Мегӯянд, ки ҳеҷ яке аз ин афрод зинда намондааст. Айни замон як сафинаи атомии зериобии Фаронса абзори сабти ҳавопайморо меҷӯяд, то иллатҳои фалокатро рӯшан намоянд. Бино ба тахминҳои муқаддамотӣ ҳангоми ба маҳалли тӯфонӣ ворид шудани ҳавопаймо абзорҳои суръати он аз кор монда ва сабаби суқути ҳавопаймо шудааст.
XS
SM
MD
LG