Пайвандҳои дастрасӣ

Зафар Нозим, овозхони саршиноси тоҷик, 50 соли фаъолияташ дар саҳнаи ҳунарро дар ҷамъи дӯстону шогирдон ва намояндагони ҳукумат таҷлил кард.

Овози ӯ ҳамоно қавию марғуладор буду саҳнаро ба ҷумбишу дилҳоро ба шӯр меовард, аммо вай дигар он Зафар Нозиме набуд, ки соатҳо рӯйи саҳна сари по истода, таронахонӣ кунад. Ӯ дар иҳотаи гулҳо, миёнаи саҳна нишаста, таронаҳои панҷоҳ сол пеши худро варақгардон мекард.

Оҳангсоз ва сарояндаи мумтози «Ай сорбон, оҳиста рон», «Эҳёи тоҷик», «Бигзор, то бигирям», «Зулайхо» ва даҳҳо чакомаи мондагори дигар 70 сол пеш дар хонаводаи як сокини оддии минтақаи Рашти кишвар ба дунё омадаву дар оғӯши модари танҳо бо мушкилоту сахтиҳои зиёд ба воя расидааст. Ва шояд ҳамин аст, ки ӯ чун як ҳунарманди ятимдӯсту хоксоре шинохта мешавад.



Шогирдону ҳамнишинони Зафар Нозим мегӯянд, меҳри ӯро ба санъат оҳангҳои ҳиндӣ бедор кардаанд .Бахусус таронаҳои Раҷ Капур боис ба вориди саҳна шудани Зафар Нозим шудааст ва оҳанги “Овора” ҳам яке аз нахустин таронаҳоест, ки Зафар Нозим бо лаҳни тоза ва зарби ҷолиб сарудааст.

Баъдан ҳамин меҳр ӯро соли 1959 ба Филармонияи давлатии Тоҷикистон овард. Ба зудӣ маъруф шуд ва даҳҳо овозхони ҷавоне зуҳур кард, ки аз сабки ӯ пайравӣ мекарданд. Дертар вай дар таъсиси дастаи фолклории “Чаман” ва гурӯҳи ҳунарии “Ганҷина” шурӯъ шират кард. Ромишгарону ҳунармандоне ҳам, ки мактаби Зафар Нозимро гузаштаанд, имрӯз худ устод миёни дӯсторону созу наво маҳбубанд.

Парда Қосим, яке аз шоигрдони Зафар Нозим, мегӯяд, устодаш ҳамеша таъкид мекунад, ки овозхон бояд сабку услуби хоси худро дошта бошад. Ӯ мегӯяд, “вақте соли 1967 ба оҳанги “Ин саҳар"-и устодро мехондам, маро наздаш хонда гуфтанд, ту Зафар Нозим шуда наметавонӣ, роҳи худатро ёб. Ин барои ман як мактаб буд. Баъди чандин солҳо баъд гуфтанд, “Ана ҳозир ту Зафар Нозим не, Парда Қосим ҳастӣ, ин хуб нест?” Фикр мекунам ҳеҷ кас устод Зафар Нозим шуда наметавонад. Дигар меояд, мумкин, вале устод Зафар яктост”.

Саидқул Билолов, аз ҳунармандони дигари саршиноси тоҷик, ки низ аз мактаби эҷодии Зафар Нозим баҳра бурдааст, ӯро аз поягузорони асилу камтарин аламбардорони санъати тоҷик меномад. Саидқул Билолов мегӯяд, мухлиси санъати шеъри баланду оҳангҳои нотакрори Зафар нозим аст. Ӯ дар ҷашни 50-умин солгарди фаъолияти ҳунарии устоди санъати тоҷик Зафар Нозим дасти холӣ не, балки бо ду таронаи тозаэҷодаш дар васфи Зафар Нозим омадааст.

Вай мегӯяд, “ба ҳайси армуғон барои устод як шеъри Сафармуҳаммад Айюбиро бо номи “Арсаи ҳунар” бо оҳангаш ба ӯ тақдим мекунам, ки дар ин шеър, фикр мекунам, тамоми зиндагиномаи устод Зафар Нозим тасвир шудааст”.

Нақши ҳунарманди маҳбуб Зафар Нозим на танҳо дар рушди санъати тоҷик, балки дар ҳифзу покизагии забони тоҷикӣ ва, ба қавле, барои дар курсӣ нишондани забони миллӣ низ бузург арзёбӣ мешавад. Вазъи ногувори забон, хусусан дар охири солҳои 80-ум дар баробари дигар эҳёгарону ҳаводорони забони тоҷикӣ ин овозхонро низ бетафовут нагузошт.

Дар марҳалаи ба тасвиб расидани Қонун дар бораи забон бисёриҳо дар амри татбиқи он камбуди маблағро далел меоварданд Зафар Нозим нахустин шуда, пешниҳод кардааст, то хазинаи забони тоҷикӣ таъсис дода шавад, ки феълан таҳти унвони “Бунёди забони тоҷикии форсӣ” фаъолият дорад. Бо даъвати ин ҳунарманд мардум аз ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ба қадри ҳиммати хеш ба ҳисоби хазина пул гузаронданд. Аммо нахустин маблағҳои воридшуда ба хазина маоши думоҳаи ҳунарманд Зафар Нозим буд.

Ортиқ Қодир Наттоқ, яке аз аъзоёни ифтихории “Бунёди забони тоҷикӣ”, мегӯяд, «қиссаҳои рӯзгори устод Зафар барои ҳунармандони имрӯза ин як китоб аст, сабақ ва дастур аст, ки ҳам ҳунарманди асли бошанд. Ин гуна хислатҳоро феълан мо дар насли имрӯз кам мушоҳида мекунем”.

Дар замони истиқлолхоҳӣ Зафар Нозим барои талошу кӯшишҳояш бо нишонҳои «Шараф» ва «Дӯстӣ», Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ низ мушарраф гардидаст.

Аммо сарнавишт ба ӯ бераҳмиҳоро низ раво дидааст. Марги фарзандаш Соҳибқирони Нозим дар синни 34-солагӣ, ки низ аз пайравони ҳунари падар ва аз беҳтарин такмилгарони оҳангҳои тоҷикӣ дониста мешуд, барои Зафар Нозим хеле гарон гарон омад. Аммо ин талафоти сангин ӯро нашикаст. Пас аз 50 соли ҳунарнамоӣ низ устод Зафар Нозим бо иродаи қавӣ, дили гарм ва таронаҳои тоза назди мухлисонаш меояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG