Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳимояти ҳунармандони Эрон аз Мусавӣ


Матбуоти Эрон хабар медиҳад, ки садҳо нафар аз филмсозону ҳунармандони ин кишвар аз Мир Ҳуссайн Мусавӣ номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Эрон ҳимоят кардаанд. Нахуствазири собиқи Эронро яке аз рақибони аслии Маҳмуди Аҳмадинажод президенти феълии ин кишвар медонанд. Дар номаи ҳимоят аз Мир Ҳуссайн Мусавӣ бештар аз 800 нафар, аз ҷумла филмсозони шинохтаи Эрон Дориюши Меҳрҷӯй, Мӯҳсин Махмалбоф, Абулфазл Ҷалилӣ ва Маҷид Маҷидӣ имзо кардаанд. Чанде дигар аз ҳунармандони шинохтаи Эрон дар навори видиоеи дар вебсайти Ю Тюб баз мардуми Эрон муроҷиат кардаанд, то ба Мир Ҳуссайн Мусавӣ раъй бидиҳанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG